Кӯшишҳои ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ шуданд
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони гумруки Тоҷикистон дар оғози моҳи феврал ду кӯшиши ғайриқонунии ба ҷумҳурӣ ворид намудани лампаҳои тафсони барқиро ҷилавгирӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, кормандони гумруки пойтахт дар ҷараёни ду амалиёти махсус 51 ҳазору 120 адад лампаҳои тафсонро аз гардиши ғайриқонунӣ бароварданд.Аз рӯи ин аъмол мувофиқи қонунгузории ҶТ чораҳои зарурӣ дида шудаанд.Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумрук, мақомоти гумруки кишвар аз оғози сол 16 ҳодисаи ба ҷумҳурӣ хилофи қонун ворид намудани лампаҳои тафсони барқиро ошкор намуда, 54 ҳазор адади чунин лампаҳоро мусодира карданд.Хотирнишон месозем, ки дар Тоҷикистон аз соли 2009 фурӯши лампаҳои тафсон манъ шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






