Машварати Сарвари далват бо роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истиқболи солгарди 19 – уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон машварати идона доир намуд.Сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорати идораҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар симои онҳо тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ ва кулли воҳидҳои низомиро бо солгарди 19 –уми таъсиси нерўҳои дифоии кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои ҳифзи амну суботи Ватани азиз ва ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкаш матонату далерӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ, сиҳҳати комил ва хушбахтӣ таманно намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи начандон тўлонӣ, вале пур аз шебу фарозҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид дошт: «Мо артиш надоштем, ҳатто афсару генерали низомӣ надоштем. Ин воқеияти пурдаҳшати он солҳо буд ва ҳар як афсару сарбоз бояд хуб донанд, ки мо дар шароити вазнини зери хаймаҳои саҳроӣ дар фурўдгоҳи Айнӣ Артиши миллӣ таъсис додем».Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳоло таъминоти моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, яъне маоши афсарону сарбозон ва кормандони дигар мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таъминот бо либосворию хўрока, техникаю таҷҳизоти муосири хизмати ҳарбӣ ва ѓайра нисбат ба солҳои пешин даҳҳо баробар афзудааст ва ин ҳар як муҳофизи марзу буми Ватан ва оромию суботи кишварро ба хизмати софдилонаю садоқатмандона водор месозад. Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди машварат онҳоро бори дигар бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ба боварию эътимоди мардуми шарафманди Тоҷикистон чун муҳофизони шуҷои Ватан ва рўзгори осудаи сокинони он сазовор бошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






