Мизи мудаввар доир ба баррасии пешниҳодҳо ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО»
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» 16 феврали соли 2012 дар мавзӯи «Баррасии пешниҳодҳо ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» мизи мудаввар баргузор менамояд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» раиси ТҶ «Журналист» Қироншоҳ Шарифзода хабар дод, ҳадафи нишасти мазкур мусоидат намудан ба такмили лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» мебошад, ки тӯли ду соли охир мавриди баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қарор дорад.Гуфтанист, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ (14 декабри с.1990) қабул шуда, то имрӯз ба он чандин маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Мутаассифона, тағйиру иловаҳои воридшуда низ қонуни бунёдии соҳаи ВАО-ро ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи демократӣ ҷавобгӯ нанамудааст.Аз ин ҷо, ташаббуси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Салимзода ва Саидшо Фелалиев дар амри омода намудани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав аз ҷониби ҷомеаи журналистӣ бо умедвории зиёд истиқбол гардид, ки баҳсу мунозира, ироаи дархосту пешниҳодҳои фаровон дар нишастҳо ва тавассути саҳифаҳои матбуоти даврӣ далели ин аст.Вале ҳамоно ба андешаи худи журналистон ва соҳибназарон ворид намудани тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ба қонуни бунёдии соҳа, ба хусус дар масъалаҳои танзими бақайдгирии ВАО, ҳуқуқи журналистон ба дастрасӣ ва ҳифзи манбаъҳои иттилоот, ғайриҷиноӣ гардонидани таҳқиру тӯҳмат дар ВАО, ки аз арзишҳои демократии санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, имрӯз амри зарурӣ гардидааст.Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист” тасмим гирифтааст дар нишасти “Мизи мудаввар” пешниҳодҳо ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» — ро баррасӣ намояд. Ба мизи мудаввар ҳудуди 25 нафар аз ҷумлаи вакилони МН МО ҶТ, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, ниҳодҳои ҳукуматӣ, журналистон ва коршиносони соҳа даъват гардидаанд. Дар нишаст пас аз шунидани гузориши вакилони МН МО ҶТ Олимҷон Салимзода, Саидшо Фелалиев ва маърӯзаи ҳуқуқшинос Иноят Иноятов баҳсу мунозира, табодули афкор перомуни зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» сурат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






