Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории байни Тоҷикистон ва Ҷопон
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷирати ҶТ Алишер Бобоев ва котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар ҶТ Тааки Коматсу зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории байни Тоҷикистону Ҷопон дар бахши муҳоҷирати меҳнатиро мавриди муҳокима қарор доданд. Тавре дар Хадамоти муҳоҷирати ЧТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, А.Бобоев зарурати тарбияи мутахассисони Тоҷикистонро барои таъмири автомобилҳои сохти Ҷопон ва технологияи муосир қайд намуд.Таки Коматсу ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро маъқул ёфта, зикр намуд, ки бояд ба такмили омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии онҳо, ҳамчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шавад.Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар бахши танзими равандҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон ва тарбияи ҳайати кадрии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Ҷопонро баррасӣ намуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






