Муҳокимаи масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ

Февраль 6, 2012 16:08

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев ва вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов масъалаҳои танзим ва вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ, такмили ихтисос ва таълими забони русӣ дар омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии кишварро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбари хадамоти муҳоҷират зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ хона — интернатҳое фаъолият доранд, ки дар онҳо кӯдакони бепарастор тарбия меёбанд. Барои касбу ҳунар пайдо кардани онҳо бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад.Вазири маориф дар навбати худ изҳор дошт, ки бозори меҳнати Федератсияи Русия, Украина, Қазоқистон, Эстония, Латвия ва Литва ба коргарони лаёқатманд зарурат дорад, бинобар ин бояд кори омӯзишгоҳои касбҳои техникӣ ба талаботи бозори меҳнат мувофиқат кунад.

Февраль 6, 2012 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд