Мусовии «Барселона» дар вохӯрии аввали нимниҳоӣ
Душанбе, 2 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар вохӯрии аввали нимниҳоӣ барои ҷоми Испания клуби «Барселона» бо «Валенсия» вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 1 бар 1 мусовӣ анҷом дод. Дар дақиқаи 27-уми бозӣ Ҷонас аз дастаи «Валенсия» ҳисобро боз кард. Карлес Пуйол баъди 8 дақиқа голи ҷавобиро ба дарвоза зада, ҳисобро баробар кард ва ин натиҷа то охири вохӯрӣ тағир наёфт. Дар вохӯрии дувуми нимниҳоӣ «Атлетик» дар сафар бар дастаи «Мирандес» бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Бозингари ҷадид дар ССКА –и Маскав
Душанбе, 2 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Клуби футболи ССКА-и Маскав бо нимҳимоятгари дастаи «Канин Сити»-и Корея Ким Ин Со шартномаашро ба имзо расонид. Ин бозингари 22- сола мувофиқи шартнома дар ҳайати ССКА як сол ҳунарнамоӣ карда, метавонад боз ду мавсими дигар онро тамдид кунад. Роҳбарияти клуб барои ширкат дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо Ким Ин Соро номнавис кардаанд ва ӯ таҳти рақами 29 дар ҳайати ССКА ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Бародарон Кличкоҳо ба тамрин шурӯъ карданд
Душанбе, 2 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Боксчиёни машҳури Украина дар вазни вазнин- бародарон Виталий ва Владимир Кличко дар тамрини нахустини худ, ки дар Австрия мегузарад, муқобили ҳам ба майдон баромаданд. Вохӯрӣ бе зарбазанӣ ба якдигар гузашт. Соли равон бародарон барои ҳимояи унвони худ дар корзори бокс бо ҳарифонашон мусобиқа хоҳанд кард.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






