Натиҷаҳои интихобот мушаххас гардид
Душанбе, 27 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ баргузор гардид, баррасӣ шуд. Бояд тазаккур дод, ки 25 феврали соли 2012 дар ҳавзаҳои интихоботии Суғд№2, Хатлон №3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардида, Иброҳим Абдуллоев- узви ҳизби коммунистии Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан, аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2, Абдуҷон Тавакаллов узви ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ аз ҳавзаи интихоботии Хатлон №3 ва аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 Саидумрон Абдураҳмонов аъзои ҲХДТ, раиси ноҳияи Рашт ва Саймурод Тағоев-узви ҲХДТ, раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо гирифтани аксарияти раъйи вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат интихоб гардиданд. Дар ҷаласа аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ваколати аъзоёни интихобгардидаи Маҷлиси миллӣ тасдиқ ва ба қайд гирифта шуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






