НАТО ба Тоҷикистон дар идораи анбори аслиҳаҳои хавфнок кӯмак мерасонад

Февраль 2, 2012 09:59

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-НАТО ва Тоҷикистон доир ба лоиҳаи Хазинаи эътимод шартнома имзо намуданд, ки дар доираи он ба Тоҷикистон барои нест кардан ё безарар гардонидани аслиҳа ва лавозимоти кӯҳнаи ҷангӣ кӯмак расонида мешавад. Маблағи ин лоиҳа, ки як сол идома меёбад, 575 ҳазор евро (3,600.000 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Британияи Кабир ҳамчун кишвари масъули ин лоиҳа ба миқдори 100,000 фунт-стерлинг (тақрибан 745,000 сомонӣ) саҳм дорад. Кишвари Ҷопон низ 100,000 евро (625000 сомонӣ) низ саҳм гузоштааст, ки ин маблағ барои омода намудани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа, ки моҳи марти соли 2011 ба кишварҳои узви НАТО муаррифӣ гашт, истифода гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳазорҳо тонна аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро боқӣ гузошт, ки дар анборҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Бархе аз анборҳо таҳти назорат қарор дошта, баъзе аз назорат дур мондаанд ва барои мардуми оддӣ хатар доранд. Бо гузашти вақт аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ корношоям ва ноустувор гардида, метавонанд боиси рӯй додани сӯхтору таркишҳо гарданд. Дар чорчӯбаи лоиҳа коршиносони НАТО муҳандисони низомӣ ва хизматчиёни тоҷикро меомӯзонанд ва барои таъсиси гурӯҳи корӣ доир ба истифодаи партовҳои аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ (WAD) мусоидат мекунанд. Ин гурӯҳ бо сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа барои дарёфт ва нест кардани захираҳои лавозимоти ҷангии хатарнок ҳамкорӣ намуда, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ду гурӯҳи дигари WAD, ки дар самтҳои гуногун дар Тоҷикистон фаъолият доранд, кӯмак менамояд. Яроқ ва лавозимоти ҷангӣ, ки то ҳол қобили истифода аст, ҳифз ва ба ҷойҳои мувофиқ кӯчонида мешавад. Сафири Британияи Кабир дар НАТО ҷаноби Мариот Лесли чунин баён намуд: «Британияи Кабир хурсанд аст, ки пешбари якумин Хазинаи эътимод дар Тоҷикистон аст. Тавассути таъмини бехатарӣ ва нест кардани захираҳои лавозимоти ҷангӣ Британияи Кабир, НАТО ва дигар кишварҳои аъзо метавонанд дар таъмини амнияти минтақа саҳми муҳим гузоранд. Ин кори мо бояд муҳити зисти тоҷикистониёнро низ беҳтар намояд, то ки онҳо тавонанд дар муҳити амну осоишта зиндагӣ намоянд».

Февраль 2, 2012 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!