Омодагии беморхонаҳои ноҳиявӣ ба ҳолатҳои фавқулодда

Февраль 7, 2012 15:26

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Вусъати тадбирҳои ҷавобии системаҳои тандурустӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба муҳити зист» — чунин аст номгӯӣ яке аз ҷузвҳои лоиҳаи «Ҳифзи тансиҳатӣ дар шароити тағйири иқлим», ки бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) пайваста бо ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии ҶТ ва Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Маркази оид ба тағйири иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ» дар амал татбиқ карда мешавад. Мувофиқи нақшаи татбиқи ҷузви номбурда дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи СУТ таҳти унвони «Ҳифзи тансиҳатӣ дар шароити тағйири иқлим» роҳандозии он аз оғози соли ҷорӣ сар шуда ва то моҳи август давом мекунад.Дар ин бора ассистенти оид ба равобит бо аҳли ҷамъият Таҳмина Алимамедова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.Роҳандозии ин чорабинӣ дар 6 беморхонаи марказии ноҳиявии аз нигоҳи офатҳои табиӣ осебпазиртарин, аз қабили Шаҳритус, Ховалинг, Мастчоҳ, Панҷакент, Рӯдакӣ ва Рашт сурат мегирад.

Февраль 7, 2012 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад