Раиси вилояти Суғд аз ҳунари дастаҳои футбол қаноатманд нест
Душанбе, 3 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дар вохӯрӣ бо варзишгарону мураббиёни вилоят арз кард, ки аз ҳунарнамоии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Парвоз», ки шарафи вилоятро дар бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ ҳимоя карданд, норозӣ аст. Баръакс, дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар Лигаи якум бо бозии хубаш тавонист барандаи ҷои аввал гардида, ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ шомил шавад. Ӯ ба дастаҳои футболи вилоят «Хуҷанд», «Парвоз» ва «Зарафшон»-у «Истаравшан», ки соли ҷорӣ дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, комёбиҳо таманно кард. Ёдовар мешавем, ки алҳол ягон дастаи футболи вилояти Суғд ба унвони чемпионӣ сазовор нашудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






