Роҳи ҳавоии байни Украина ва Тоҷикистон боз кушода мешавад
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Чанде пеш дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов ва муовини вазири корҳои хориҷии Украина Виктор Майко вазъи имрӯза ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Украинаро мавриди муҳокима қарор доданд.Зимни мулоқот ба татбиқи паймоне, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Украина шуда буд, ҳамчунин ба тасмимҳои иҷлосияи Ш Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.Ҳамчунин аҳамияти дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои якҷоя ва бунёди корхонаҳои муштарак таъкид гардид. Дипломатҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки моҳи марти соли 2012 роҳи ҳавоии байни ду кишвар боз кушода шуда, мӯҳлатҳои мушаххаси соли ҷорӣ гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Украина ва Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон мутобиқ карда мешаванд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






