Шаҳодатномаҳои хизматӣ дар нақлиёт дигар эътибор надоранд
Душанбе, 10 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар оянда ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт раванди нишон додани шаҳодатномаҳои хизматӣ ва дафтарчаҳои нафақа аз байн бардошта хоҳанд шуд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи ихтисосии шаҳрдории Душанбе матраҳ гардид. Дар робита ба ин шаҳрдорӣ масъалаи монетизатсия, ё худ ба тарзи суроғавӣ ба табақаҳои имтиёздор равона намудани маблағҳоро пешниҳод сохт. Вобаста ба ин масъала раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат аз шаҳри Душанбе, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, даъват намуд, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорияшон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи монетизатсияро таҳия ва ба мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд. Масъалаи мазкур бо назардошти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ пешниҳод шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






