Тасдиқи 18 ҳолати азобу шиканҷа дар рафти тафтишот
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Таҳлилҳо нишон доданд, ки вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар раванди таҳкиқу тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад,-иброз дошт муовини аввали прокурори генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Абдуқодир Муҳаммадиев ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои А. Муҳаммадиев ин дар ҳолест, ки соли 2010 ба мақомоти прокуратура 48 арзу шикоят доир ба истифодаи зӯроварӣ ва азобу шиканҷа ҳангоми таҳқиқу тафтиши парвандаҳо нисбат ба шаҳрвандон раво дониста шудааст, ки дар 13 ҳолат он тасдиқи худро ёфта, нисбат ба қонуншиканиҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда баъди қабули қарори зарурӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардиданд. Дар соли 2011 низ 26 арзу шикоят ба прокуратура дохил гардид, ки дар 5 ҳолат истифодаи зӯроварӣ ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳо исботи худро ёфт ва шахсони гунаҳкор ба ҳабс маҳкум шуданд. Ва як ҳолати зӯроварӣ мавриди тафтиш қарор дорад.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






