Татбиқи лоиҳаи таҳкими фарҳанги мусиқӣ оғоз ёфт
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Созмони ғайриҳукуматии байналмилалӣ дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо аз моҳи феврали соли 2012 то моҳи январи соли 2014 дар Тоҷикистон лоиҳаи «Таҳкими фарҳанги мусиқӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироӣ ва шабакаҳои байналмилалӣ» — ро дар амал татбиқ менамояд. Сафири Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ Эдуард Ауер ба иштирокдорони семинаре, ки дар Вазорати фарҳанги ҶТ баргузор гардид, аз мақсадҳои лоиҳа нақл намуд. Мувофиқи суханони сафир, доир намудани тренингу ҷамъомадҳои машваратӣ барои муаллимони мактабҳои миллии мусиқӣ дар назар аст. Аз ҷумла, барои таъмини мактабҳои миллии мусиқӣ бо асбобҳои классикию анъанавии мусиқӣ кӯмак намуда, ба ҳайати оркестри ҷавонони Осиёи Марказӣ мутрибони беҳтарини ҷавон, аз ҷумла маъюбон ва фарзандони табақаҳои камбизоати аҳолӣ интихоб карда мешаванд.Ғайр аз ин дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек ва Остона мизҳои мудаввар доир гардида, дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон консертҳои оркестри ҷавонон баргузор мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






