Вохӯрии соҳибкорон бо директори кино ва видеои Спитамен
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Барои пешгирии воридоти ғайриқонунӣ, истеҳсол, фурӯш ва паҳншавии маводи савтию тасвирӣ аз ҷониби мақомот ва сохторҳои дахлдори вилояти Суғд дар бозори марказии ноҳияи Спитамен санҷиш гузаронида шуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, онҳо аз 13 нуқтаи фурӯш ва паҳнкунии маводи савтию тасвирӣ дидан карда, нисбат ба ду нафар фурӯшанда санад тартиб дода, 63 адад фиттаҳои рӯйпӯши полиэтиленӣ доштаи пастсифат, 2 адад филмҳои мамнӯъро мусодира намуданд.Ҳамчунин дар толори кинотеатри «Пахтакор» бо иштироки соҳибкорон ва сарвари КФД «Кино ва видео»-и ноҳияи Спитамен А. Абдураҳимов машварат доир шуд, ки дар он доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсол ва паҳнкунии маводи савтию тасвирӣ, риояи ҳуқуқҳои муаллиф фикру андешаҳои худро иброз намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






