Журналистони тоҷик — ғолибони Озмуни байналмилалӣ

Февраль 10, 2012 11:20

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 21 ва 22 феврал дар Хонаи марказии журналистони шаҳри Маскав бахшида ба инъикоси проблемаҳои муҳоҷират дар ВАО чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд. 21 феврал ҷаласаи васеи гурӯҳи корӣ оид ба тарҳрезии стратегияи ҳамгироии муҳоҷирон дар Федератсияи Русия баргузор мешавад. Дар кори маҷлис котибони матбуоти сафоратҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони ВАО иштирок менамоянд.Барои иштирок дар ин чорабиниҳо ғолибони Озмуни якуми байналмилалӣ барои маводи беҳтарини ВАО дар бораи ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ хабарнигори рӯзномаи «Азия плюс» Манижа Қурбонова, коргардони студияи радио ва телевизиони Медиа – холдинги «Азия Плюс» Озод Маликов ва сармуҳаррири рӯзномаи «Вечерний Душанбе» («Шоми Душанбе») Равшан Махсумов даъват шудаанд.22 феврал ба ғолибон дар вазъияти ботантана дипломҳо супурда мешаванд.Дар ин бора котиби масъули матбуоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Февраль 10, 2012 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад