Ҳадяи мисриён ба ганҷинаи тоҷикон

Март 28, 2012 15:28

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз Муҳаммад Ҳиҷозӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷмӯи китобҳоеро, ки дар Миср нашр гардидаанд, тақдим намуд. Дар маросими эҳдои китобҳо намояндаи вазорати корҳои хориҷии Миср изҳор дошт, ки кишвараш хостори тақвияти равобити ҳарчи бештари илмию фарҳангӣ бо Тоҷикистон аст. Интизор меравад, ки ояндаи наздик миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи бузурги Мисри Араб ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши китобдорӣ ба роҳ монда шавад. Маҷмӯи китобҳое, ки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Миср ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд, аз адабиёти таърихӣ ва илмии марбут ба тамаддуни исломӣ, ҷойҳои муқаддас ва сайру сайёҳии Миср иборат буда, аз таърихи бостонии ин кишвар ҳикоят мекунад.Дар баробари он меҳмони мисрӣ ҳамчунин китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар се ҷилдро, ки дар Қоҳира ба забони арабӣ тарчима ва нашр шудааст, ҳамчун тўҳфаи мисриҳо ба ин ганҷинаи илму маърифат эҳдо кард.Муҳаммад Ҳиҷозӣ зимни боздиди худ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо фаъолияти ин махзани бузурги илму маърифат шинос гардида, бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимзода дидору мулоқот намуд. Мавриди зикр аст, ки Муҳаммад Ҳиҷозӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси панҷуми минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистон /RECCA-V/, ки 26-27 март дар «Кохи Сомон» доир гардид, дар Душанбе қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз- 20 марти соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, калонтарин китобхона дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказист. Масоҳати умумии он беш аз 44 ҳазор метри мураббаъ буда, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст.

Март 28, 2012 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд