«Амонатбонк»: сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми «Наврӯз-2012»

Март 5, 2012 16:10

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -3 марти соли равон дар толори Қасри варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе расми кушоди мусобиқаи футболи хурд байни муассисаҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз» доир гардид. Сабқати мазкур барои дарёфти Ҷоми «Наврӯз-2012» номгузорӣ шуда буд, ки аз тарафи Раёсати «Амонатбонк» ва Кумитаи варзиши шаҳри Душанбе пешниҳод мешавад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки дар се даври мусобиқа 8 тими филиалҳои «Амонатбонк» қувваозмоӣ мекунанд. Бозиҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо ширкати доварони шинохта ва собиқадори футболи тоҷик баргузор мешаванд. Даври ҷамъбастии бозиҳо рӯзи 18 март доир мегардад. «Амонатбонк» ягона бонки давлатии кишвар буда, дар ҳайати он 75 филиал ва 507 оҷонсӣ – марказҳои хурди хизматрасонӣ фаъолият мекунанд. Муассисаҳои «Амонатбонк» тамоми ҷумҳуриро бо хизматрасониҳои бонкӣ фаро гирифта, дар сафҳои он беш аз 2,5 ҳазор корманд кор мекунанд.

Март 5, 2012 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд