Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Николя Саркозӣ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Николя Саркозӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Ҷаноби Олӣ, Дар иртибот ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрику муборакбодии самимонаи хешро бифиристам. Ба маврид аст зикр намоям, ки ҷониби Тоҷикистон тайи давраи рушди давлати худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсти Франсия самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намуда, баҳри таҳкими онҳо талошҳои пайваста меварзад. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд. Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бовар дорем ва ҳамеша барои рушду равнақи онҳо саъй хоҳем кард. Биноан, умедворам, ки ин санаи муборак дар таърихи муосири робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи минбаъдаи онҳо ҳусни оғоз хоҳад бахшид. Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






