Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Бангладеш
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳуриии Халқии Бангладеш Зиллур Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Ҷаноби Олӣ, Сарфарозам ба муносибати фарорасии санаи хотирмон дар таърихи равобити муосири байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш – 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро бифиристам. Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ густариши бемайлон пайдо намуда, ба манзури таҳкими анъанаҳои робитаҳои дӯстию бародаронаи байни мардумонамон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт. Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб дар асоси усулҳои эътирофгардидаи баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи манфиатҳои якдигар ҳамаи кӯшишҳои лозимаро ба харҷ диҳад. Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу муваффақиятҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Бангладеш сулҳу субот ва саодату рифоҳ орзумандам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






