Барқияи шодбошии Николя Саркозӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Март 3, 2012 13:29

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар».).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Франсия Николя Саркозӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:Ҷаноби Олӣ,Барои ман шарафи бузург ва боиси фараҳмандист, ки табрикоти самимии хешро дар иртибот ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Франсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ирсол медорам.Барқарории муносибатҳои дипломатӣ ба равобити дуҷониба миёни давлатҳои мо асос гузошт. Франсия аз ҷумлаи аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ин ба тақвияти муносибатҳо миёни кишварҳои мо, бахусус таҳкими робитаҳои гуногунҷанба, чӣ дар соҳаи сиёсӣ ва чӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мусоидат намуд.Франсия ва Тоҷикистон ду даҳсола инҷониб паҳлӯ ба паҳлу ҳамкорӣ доранд. Дар тӯли ин муддат онҳо тавонистанд ҳамдигарро беҳтар шиносанд, ҳамкориҳоро ба манфиати мардуми ҳарду кишвар, ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ тақвият ва густариш диҳанд.Франсия муҳимияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ба Шумо барои мусоидат ҷиҳати будубоши Қувваҳои ҳарбию ҳавоии он дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки аз ин ҷо фаъолияти худро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон амалӣ менамояд, ҳамчунин барои дастгириатон дар сулҳу суботи ин кишвар изҳори сипос менамояд.Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно намуда, аз Шумо, Ҷаноби Президент, хоҳиш менамоям, ки эҳтироми бепоёну дӯстонаи маро нисбат ба худ қабул намоед.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Март 3, 2012 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд