Баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар асоои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии сафарбарӣ» аз 10-ум то 12-уми марти соли равон дар ҳудуди гарнизони Душанбе ва Хатлон ҷамъомади методию таълимӣ оид ба сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудуди ташкилӣ ба роҳ монда шуд, ки ба он раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии пойтахт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ҷалб карда шуданд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, ҷамъомади методию таълимӣ доир ба сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ ва дар дохили як ҷузъи низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ аз ҷониби масъулини Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ муддати се рўз ба таври назарӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуд.Дар ҷамъомади мазкур ҳамзамон намояндагони дигар мақомоти қудратии кишвар ва комиссарони ҳарбӣ, ки сардорони ситоди мудофиаи ҳудудӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд, ҷалб шуданд. Дар машғулиятҳои методию таълимӣ иштирокчиёни он ба мавзўъҳои омодагии сафарбарӣ, қарори дахлдор қабул намудан ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ, истифодаи самараноки захираҳои эҳтиётӣ, аз қабили ҳайати шахсӣ, техникаи хоҷагии халқ, сафарбарии онҳо ва дигар мавзўъҳои вобаста ба ҳимояи ҳудудиро, ки дар сурати хатарҳои эҳтимолӣ ба миён меоянд, мавриди омӯзиш қарор дода, иштирокчиён дар даври ниҳоии машғулиятҳо аз рўи мавзӯъҳои муаяйншудаи ҷамъомад санҷиш супурданд.Ҳадафи ташкилу ба роҳ мондани ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ба он равона гардида буд, ки иштирокчиёни он аз мавзўъҳои муайяншудаи машғулиятҳо самаранок истифода баранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






