Боз як ташаббуси нависанда

Март 15, 2012 11:53

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ибтикори нависанда ва рӯзноманигори шинохта , барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни мактабҳои деҳоти Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ аз рӯи намуди волейбол қувваозмоӣ доир гашт. Дар ин чорабинии варзишӣ собиқадорону устодони маъруфи варзиши кишвар, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва меҳмонон иштирок доштанд. Дар ҷамъбаст дастаи волейболбозони мактаби рақами №56 ҷои аввал, мактаби №26 ҷои дуюм ва мактаб- интернати рақами №2 ҷои сеюмро ишғол намуд. Ғолибон бо мукофоти молӣ, нишони таъсискардаи сарпараст ва ҷоми ҷаҳонпаҳлавон Сайид Маҳмуд Маҳмадрасулов, инчунин бо ифтихорномаҳои Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон» қадрдонӣ шуданд.

Март 15, 2012 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад