Чорабиниҳои муҳими варзишӣ ба истиқболи Рӯзи пойтахт
Душанбе, 1 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷиҳати истиқболи сазовори Рӯзи пойтахт 21 апрели соли 2012 дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе ниммарафони сеюми байналмилалӣ ва мусобиқаи Осиё аз рӯи намуди варзишҳои таэквандо (ИТФ) баргузор мегардад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарори марбутаро ба тасвиб расонид. Чорабинии мазкур, ки ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст, бо мақсади таъмини оммавияти варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувории робитаҳои ҳамкории варзишӣ бо бародаршаҳрҳои Душанбе аст. Дилшод Қурбонов, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки дар чорабиниҳои варзишӣ варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва бузургшаҳрҳо ширкат менамоянд. Барои дар сатҳи баланди ҳирфаӣ доир намудани чорабиниҳои варзишӣ дар асоси қарори марбутаи шаҳрдорӣ раёсат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва Федератсияҳои миллии варзишии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст,- афзуд Д. Қурбонов. Иқдоми дар Душанбе баргузор намудани чорабиниҳои бузурги варзишӣ аз як сӯ, истиқболи сазовори Рӯзи пойтахт бошад, аз ҷониби дигар, бо назардошти пешниҳодоти Конгресси байналмилалии таэквондо оиди дар шаҳри Душанбе гузаронидани Чемпионати Осиё ва муроҷиати Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита амалӣ мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






