Дар Туркия Наврӯзро таҷлил мекунанд
Анқара, 20 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия 23 март дар Осорхонаи этнографияи шаҳри Анқара ба ифтихори Наврӯз маросими идона баргузор мешавад. Тавре аз Сафорати ҶТ дар Туркия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросим намояндагони расмии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Туркия, корпуси дипломатӣ, донишҷӯён, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок хоҳанд кард. «Меҳмонон дар ин ҷо метавонанд бо фарҳанги ғанӣ, расму оин ва анъанаҳои мардуми Тоҷикистон шинос шуда, маҳсулоти косибонро аз назар гузаронида, бо дастаҳои эҷодкорон шинос шаванд», — қайд намуд манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






