Десантчиёни ҷавон аз Остона баргаштанд
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Варзишгарони клуби «Десантчиёни ҷавон» — и Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии каратэ – кёкушинкай дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, соҳиби як медали тилло, як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гардиданд.Дар мусобиқа аз кишварҳои Федератсияи Русия, Украина, Олмон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маҷмӯъ 450 нафар варзишгар иштирок намуд. Варзишгари наврас Сироҷиддин Ҷалилов соҳиби ҷойи аввал, Нуруллои Фарзод ҷойи дуюм, Искандар Яқубов ва Муҳибулло Нуров сазовори ҷойи сеюм гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






