Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии СММ ба ҳузур пазируфт

Март 2, 2012 15:42

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории 20-солаи Тоҷикистону СММ ва дурнамои рушди муносиботи судбахш баррасӣ шуд. Александр Зуев Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо солгарди 20-уми ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ доир ба натиҷаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи 20-сола муфассал иттилоъ дод. Тавре зикр гардид, дар 10 соли охири ҳамкорӣ бо мусоидати СММ дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сершумор амалӣ гардидаанд. Ҳаҷми кӯмакҳои 20-солаи тавассути СММ ба Тоҷикистон воридшуда бошад, бо назардошти арзиши амалиётҳои посдории сулҳ дар солҳои аввали ҳамкорӣ, ба миллиардҳо доллари амрикоӣ баробар мебошад. Ҳоло намояндагиҳои 22 муассисаи СММ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки беш аз 700 нафар корманд доранд. Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаъолияти аз ҳама густурдаи СММ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар соли 2011 ҳаҷми кӯмакҳои молиявию техникии СММ ба Тоҷикистон ба 70 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Бо дастгирии муассисаҳои СММ имрӯз дар соҳаҳои кишоварзӣ, рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, обрасонӣ, энергетикаи хурд ва ғайра лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти СММ барои кумакҳои сершумори гузашта ва дастгирии имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос кард. Александр Зуев низ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои ташаббусҳои сершумори судбахш, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавию ҷаҳонӣ мебошанд, изҳори миннатдорӣ намуд. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи босамари нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Март 2, 2012 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст