Фаъолияти фаврии ҷустуҷӯӣ дар мубориза бо ҷинояткорон нақши муҳим мебозад
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-«Проблемаҳои муҳими фаъолияти фаврии ҷустуҷӯӣ ва нақши он дар таҳкими ҳуқуқи инсон» — бо чунин ном имрӯз, 15 март дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.Дар кори он роҳбарони ВКД- и ҷумҳурӣ, Суди олӣ, Суди конститутсионӣ, Шӯрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат , Прокуратураи генералӣ, созмону ташкилотҳои хориҷӣ ва олимону мутахассисони соҳавии ватанӣ ва берунӣ иштирок намуданд.Дар қисмати аввали конфронс китоби номзади илми ҳуқуқ, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов «Фаъолияти фаврии ҷустуҷӯӣ», ки ба тозагӣ нашр шудааст, муаррифӣ гардид. Тавре ки дар конфронс қайд карда шуд, китоби мазкур аввалин китоб бо забони тоҷикист, ки ҷанбаҳои умумии фаъолияти фаврии ҷустуҷӯиро фаро гирифта, дар он назарияи илмии олимони намоёни соҳа истифода шуда, ҳамчун китоби дарсӣ барои мактабҳои олии таълимӣ ва миёнаи махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар пешкаш гардидааст.Мавриди зикр аст, ки бо қабули якчанд қонун, ки фаъолити фаврии ҷустуҷӯиро ба танзим медароранд, давраи нави инкишофи назарӣ ва амалии чунин фаъолият оғоз гардид. Аз ин лиҳоз, имрӯз фаъолияти фаврии ҷустуҷӯӣ ба соҳаи илми мустақили ҳуқуқ табдил ёфта, дар шӯъбаву факултаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ ва махсуси кишвар дарс дода мешавад.Дар ҷараёни муаррифии китоб, сардори Академияи ВКД Абдуҳаким Розиқзода гуфт ,ки воқеан ҳам чопи китоб саривақтӣ буда , аҳамияти калони илмию таълимӣ ва амалӣ дорад, зеро то имрӯз доир ба таълими фанни «Фаъолияти фаврии ҷустуҷӯӣ» китоби дарсӣ бо забони тоҷикӣ мавҷуд набуд ва аз ин ҷиҳат ҳам устодон ва ҳам шогирдон дар академия ва дигар макотиби олии кишвар ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегаштанд.Зикр шуд, ки фаъолияти фаврии ҷустуҷӯӣ дар мубориза бо ҷинояткорон нақши муҳим мебозад, зеро қариб 90% ҷиноятҳо маҳз тавассути ҷустуҷӯи фаврӣ кушода мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






