Фоидаи коркарди маҳсулоти пахта ва пӯст
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми маҳсулоти пахта, аз ҷумла нахи он ва пӯсти чорво дар дохили кишвар коркард хоҳад шуд. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат дар моҳҳои январ — феврали соли 2012 дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ номгӯи истеҳсолоти саноатӣ 1,7 баробар, аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли нахи пахта 1,9 баробар, газворҳои пахтагин 10,5 фоиз, ҷӯроб 2,2 фоиз, аз ҷумла ҷӯроби бачагона 1 фоиз, матоъҳои нобофта 14,5 фоиз, калобаи пахтагин 1,6 баробар зиёд шудааст.Дар ин давра истеҳсоли пӯст ва маснуоти чармӣ ба андозаи 1,8 баробар, пойафзол 1,6 баробар, аз ҷумла бачагона 2,2 баробар зиёд шудааст, ки ин аз ҳисоби коркарди пӯст ва истеҳсоли чарми ватанӣ мебошад ва дар як соли охир 3,3 баробар зиёд коркард шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






