Хусусигардонии моликияти давлатӣ идома дорад

Март 15, 2012 09:46

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Корхонаи воҳиди давлатии ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 6 –уми апрели соли ҷорӣ як қатор иншооти ғайриманқул тавассути музойяда ба фурӯш гузошта мешавад.Бино ба маълумоти аз ин корхона расида бинои меҳмонхона ва иншооти ёрирасони ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», як қисми бинои коргоҳи сехи асбобсозии КВД «Тоҷиктекстилмаш», анборҳои базаи филиали Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии вилояти Суғд ва Маҷмааи саломатии ҶСК «Заводи арматури ба номи Орҷоникидзе» ба музойяда гузошта мешаванд.Барои иштирок дар музояда пардохти маблағи кафолатнок ба андозаи 350 нишондиҳанда барои як лот пешбинӣ шудааст. Музояда ба тарзи англисӣ гузаронида мешавад. Ғолиби музойяда шахсе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод кунад.

Март 15, 2012 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд