Ифтитоҳи Бонки фаръии Бонки Миллии Покистон дар Тоҷикистон

Март 24, 2012 17:55

Душанбе, 24 март. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки низ барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA) ба шаҳри Душанбе ташриф овард, нахуст Бонки фаръии Бонки Миллии Покистон дар Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.  Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ бо буридани лентаи рамзӣ Бонки фаръии Бонки Миллии Покистон дар Тоҷикистонро, ки дар кӯчаи Айни пойтахт қарор дорад, ифтитоҳ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки он ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни ду кишвар мусоидати фаъол мекунад. Зикр гардид, ки Бонки фаръии Бонки Миллии Покистон аз бузургтарин ва бонуфузтарин бонкҳои тиҷоратии ин кишвар аст ва он метавонад пули муътамаде бошад барои таъмини робитаҳои ногусастании миёни сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон. Тавре иттилоъ дода шуд, сармояи оинномавии эълоншудаи Бонки мазкур дар Тоҷикистон 50 миллион сомонӣ буда, ин маблағ барои рушди соҳибкории хусусӣ, маблағгузории савдо, беҳбудии шуғли аҳолӣ ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави муосири хизматрасонии бонкӣ равона карда мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 24, 2012 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст