Мавлавишиносони тоҷик ҳам ба нишастҳо даъват мешаванд

Март 6, 2012 14:43

Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ибтикори «Бунёди Шамси Табрезӣ», ки дар Теҳрон фаъолият мекунад, ҳар моҳ дар маркази омӯзиши Муассисаи фарҳангии ЭКО, воқеъ дар майдони Ванаки ин шаҳр дар бораи осор ва андешаҳои Мавлоно бо ҳузури шахсиятҳои саршиноси фарҳангӣ ва фарҳехтагони арсаи адаб нишастҳо баргузор мешаванд. Назар ба иттилои коршиноси тоҷик дар бахши фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар соли равон ду нишаст бо суханронии Муҳаммадалии Муваҳҳид, мавлоношиноси барҷаста дар мавзӯъи «Шамс дар оинаи Мавлоно» ва доктор Маҳдии Муҳаққиқ дар мавзӯъи «Андешаи Мавлоно дар оинаи «Маснавии Маънавӣ» барпо шуд, ки ба истиқболи густурда ва самимии алоқамандони адабу ҳунар мувоҷеҳ шуд. Ин силсиланишастҳо таҳти унвони «Оина дар оина» бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии ЭКО ва Бунёди Шамс доир мешаванд. Мавриди зикр аст, ки Бунёди Шамс соли 2008 дар нахустин ҷашнвораи Шамси Табрезӣ ва Мавлоно дар Хӯй баргузор шуд.Ба гуфтаи бисёре аз муҳаққиқони эронӣ, аз ҷумла Муҳаммадалии Муваҳҳид мақбараи Шамси Табрезӣ дар шаҳри Хӯйи Озарбойҷони Эрон қарор дорад. Бунёди Шамси Табрезӣ барои ободии ин мақбара ва атрофи он, ки 10000 метри мураббаъ аст, корҳои зиёд намуда, тасмим дорад боргоҳи Шамсро дар ин маҳал барпо намояд. Ҳамакнун низ ин Бунёд барои сохтани мақбара ва боргоҳи Шамс меъморону тарроҳони маъруфи ҷаҳонро фаро хондааст ва аз онҳо хостааст, то дар зебоии он талош кунанд ва назароту пешниҳодҳои худро ироа доранд. Ба гуфтаи доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ва мудири омили «Бунёди Шамс» дар назар аст, ки дар ин нишастҳо донишмандон ва мавлавишиносон аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон низ даъват шаванд ва дар заминаҳои мавлавипажӯҳӣ ва мавлавишиносӣ суханронӣ намоянд.

Март 6, 2012 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд