Мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ

Март 1, 2012 10:02

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Холов Умед). — Дар вилояти Суғд қарори раиси вилоят доир ба ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид. Мувофиқи қарори мазкур ҳайат ва низомномаи комиссияи вилоятӣ доир ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ тасдиқ гардид. Вазифаи асосии комиссия ин фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла корхонаю муассисаҳо баррасӣ намуда, дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ кӯмак расонидан мебошад.Ҳамчунин ба шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ-хадамоти матбуоти раиси вилоят супориш дода шудааст, ки перомуни корҳои анҷомдодаи комиссия тариқи воситаҳои ахбори оммаи вилоят маълумот пахш кунад.

Март 1, 2012 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад