Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Қувваҳои Мусаллаҳ

Март 2, 2012 13:55

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Қувваҳои Мусаллаҳ Ник Харвиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.  «Британияи Кабир аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо аст ва мо ба густариши бемайлони робитаҳо бо он ҳавасмандем», — изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ник Харви, бо ишора ба нақши калидии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва кумаки муҳими он ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар бозсозии эътидол дар Афғонистон, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар арзи сипос намуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвари ноором ва таҳкими эътидоли минтақавӣ зоҳир карда шуд. Ник Харви, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба Тоҷикистон бештар кумак намояд, то ки ин кишвар дар иҷрои рисолати муҳими худ барои пешгирӣ аз хатарҳои мазкур дар марзи тӯлониаш бо Афғонистони ноором ҳамеша муваффақ бошад.
Дар робита ба ин омодагии Британияи Кабир ба рушди ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид гардид. Масоили ташкил ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни Тоҷикистону Британияи Кабир низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.  Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Март 2, 2012 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!