Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири рушди иқтисоди Озарбойҷон
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 5 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоевро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ аз баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони ду кишвар барои густариши робитаҳои судбахш бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ҳавасмандии ҳарду кишвар ба рушди ҳамгироии сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, туризм ва ғайра таъкид гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои нақлиётӣ барои афзун намудани ҳаҷми боркашониҳо ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвар зоҳир карда шуд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






