Мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Март 30, 2012 17:07

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 30 март директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо сарони ҳайатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон ва Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия, ки дар кори ҳамоиши байнидавлатии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи панҷ кишвар — Афғонистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва ИМА иштирок доранд, мулоқот анҷом дод.Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши ташкили муборизаи зидди қочоқи маводи нашъаовар, ҷараёни иҷрои кор дар самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳандозӣ намудани амалиётҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.

Март 30, 2012 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад