Мусобиқаҳои наврӯзӣ дар минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 24 март. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Мӯъминобод бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир мегарданд. Мақсади ин чорабиниҳо дастгирии истеъдодҳои ҷавон, эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Бояд гуфт, ки дар шаҳру навоҳии Кӯлоб чорабиниҳои варзишӣ идома ёфта, дар минтақа моҳе ду маротиба байни варзишгарон мусобиқаҳои ноҳиявӣ баргузор мегарданд. Барои ҳавасмандгардонии ҷавонон ба варзиш мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатии ноҳияҳо қарори махсус ба тавсиб расонидаанд ва раисони ҷамоатҳо вазифадор гардидаанд, ки ба варзишгарони лаёқатманд мукофотҳои пулию молӣ тақдим намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






