Мусоидати АИК ба амнияти озуқавории кишвар
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Таъсисёбии АИК Тоҷикистон тақозои ҳаёти ҷумҳурӣ буда ва аз он далолат мекунад, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол бояд амнияти озуқавории шаҳрвандони худро дар сар то сари кишвар таъмин намояд. Дар татбиқи ин ҳадаф низоми илман асосноки пешбурди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим мебозад,- иброз дошт саркотиби АИК Тоҷикистон Давлатҷон Комилзода дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз ин хотир Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар фаъолияти худ сиёсати Президент ва Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи кишоварзӣ ба манфиати давлати соҳибистиқлол татбиқ менамояд. Олимони АИК дар давоми соли 2011 ва ду моҳи аввали соли 2012 соҳиби 120 патент ва шаҳодатномаи ихтирокорӣ гардиданд. Дар ин муддат 190 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 38 рисолаи докторӣ дифо карда шудааст. Бо ташаббуси муассисаҳои илмии Академия беш аз 260 китобу монография, 420 тавсияномаю дастуруламал ва зиёда аз 3 ҳазору 100 мақолаҳои илмӣ ба нашр расонида шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






