Намоишгоҳи шогирдони мактаби миниатюраи тоҷик

Март 20, 2012 11:09

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- 27 марти соли 2012 бо кӯмаки молиявии шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар Нигорхонаи ҳунарии «Мино», ки дар бинои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ҷойгир аст, намоиши ҳунари иштирокчиёни лоиҳаи «Лоза» (ток)-и мактаби хусусии миниатюраи тоҷики рассом Олим Камолов ифтитоҳ мегардад. Мактаби миниатюраи тоҷик соли 2009 бо кӯмаки молиявии шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадади Будапешт таъсис ёфта, заминаи бунёди Маркази ҳунари рассомии «Мино» гардид. Тӯли ду сол дар мактаби мазкур 25 нафар таҳсил доранд, ки дар байни онҳо 10 нафар хонандаи боистеъдод аз мактаб-интернати № 4-и шаҳри Душанбе ройгон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Шогирдони мактаби номбурда дар фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва намоишгоҳҳои кӯдаконаи байналхалқӣ дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва ИМА бомуваффақият иштирок кардаанд.2 сентябри соли 2011 ба Маркази ҳунари рассомии «Мино» сертификати мақоми клуби ЮНЕСКО дода шуд.

Март 20, 2012 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад