Омодагӣ ба мавсими нави футбол-2012
Душанбе, 28 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаҳои футболи мамлакат омодагии хешро ба мавсими нави футбол ба анҷом мерасонанд. “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи шаҳри Норак бозии таҷрибавии худро бо дастаи ҷадиди лигаи олӣ- “Зарафшон”-и Панҷакент барпо намуда, бо натиҷаи қотеъи 5 бар 0 пирӯз шуд. Дар ин дидор ҳамлагари дастаи мунтахаби кишварамон Шодибек Ғаффоров ду тӯб зад. Дар ҳайати дастаи “Энергетик” ду нафар футболбоз аз Гана- Феликс Бафое ва Кеннеди аз назари мураббиён мегузаранд. Ба даста ҳамчунин Абдулло Саидов ва Худойдод Нусратов аз “Шодмон”-и Ҳисор шомил шудаанд. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар Қайроққум машғулиятҳои худро мегузаронад, дар мусобиқа бо дастаи “Парвоз” бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гардид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






