Ошно гардидани О. Оқилов бо вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Март 5, 2012 15:46

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Рӯзҳои 2-3- марти соли равон сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагии иншооти обрасон ба мавсими нави обёрӣ бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Мӯъминобод ва Панҷи вилояти Хатлон қарор дошт. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бевосита аз маҳалҳои наздисоҳилии шаҳру ноҳияҳои мазкур дар соҳили сойу дарёҳои Ёхсу, Панҷ, Зиракӣ, Тебалай, Сурхоб ва Даҳана дидан карда, бо ҷараёни корҳои пешгирӣ ва таъмини бехатарии минтақаҳои обгузар шинос шуд. Дар ситоди корӣ Оқил Оқилов таъкид кард, ки бо назардошти сербориш омадани зимистони сипаришуда дар мавсими гармои имсола эҳтимоли зиёд гардидани селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ мавҷуд аст ва бино бар ин бояд тадбирҳои саривақтии соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани ҷӯйу заҳбурҳо тақвият бахшида шаванд.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳама гуна хавфу хатар тадбирҳои зарурӣ андешида, бо мақсади пешбурди корҳои тақвиятбахшии бехатарии мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва минтақаҳои обгузар миқдори лозимии техника ва таҷҳизоти корӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маблағҳои заруриро пешбинӣ кардааст, изҳор дошт сарвазири мамлакат Оқил Оқилов Оқил Оқилов ба масъулини соҳа ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои мазкур дастур дод, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар самти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинишуда, масолеҳи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти кориро таъмин намоянд. Сарвазири мамлакат ҳамзамон дар ин сафар бо ҳолати кунунии пойгоҳҳои обкашӣ ва омодагии иншооти обрасон ба мавсими нави обёрӣ шинос шуда ба роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳа барои сари вақт омода кардани иншооти мелиоративӣ ва таъмини кори мунтазами онҳо дар мавсим дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Март 5, 2012 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад