Озмуни «Корхонаи беҳтарини саноатии сол»
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат, дастраси умум гардонидани таҷрибаи мусбати ташкили истеҳсолот, навсозии техникию технологии корхонаҳо ва афзун намудани намунаҳои нави маҳсулоти саноатӣ, ҳамасола бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноат озмуни «Корхонаи беҳтарини саноатии сол» гузаронида мешавад.Озмун дар ду марҳила ҷараён мегирад. Марҳилаи аввал дар доираи соҳаҳои алоҳидаи саноат дар даҳрӯзаи аввали моҳи март анҷом ёфта, корхонаҳое, ки дар натиҷаи баҳодиҳӣ ба нишондодҳои баланд соҳиб гардидаанд, муайян карда шуда, дар марҳилаи дуюми озмун ғолиби озмуни «Корхонаи беҳтарини саноатии сол муайян карда хоҳад шуд.Дар айни замон марҳилаи аввали озмун дар доираи соҳаҳои саноат идома дорад. Комиссияи вазорат то 15 март ғолиби озмунро муайян менамояд. Маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун ба таври тантанавӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






