Парлумон шартҳои будубоши дафтари САҲА-ро баррасӣ кард

Март 5, 2012 13:31

Душанбе, 5 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони Парлумони Тоҷикистон 5 март як қатор санадҳои байналмилалиро дар ҷаласаи Шӯро, ки дар ҳузури Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро Созишнома дар бораи ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ (политсия)-и кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, лоиҳаи низомномаи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Сейм /парлумон/-и Лаҳистон, дар бораи ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо /САҲА/ дар бораи шартҳои буду боши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузори хурд» муҳокима гардида, нисбат ба масъалаҳои баррасишуда аъзои Шӯро пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.

Март 5, 2012 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд