Р.Блейк: «Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои минтақавӣ»

Март 27, 2012 10:35

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 26 март вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи кори Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон бо ёвари Муншии давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Блейк мулоқот анҷом дод. Ёвари Муншии давлатӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки омили мусоидат ба рушди Афғонистон ва тамоми минтақа мебошад, изҳори миннатдорӣ намуд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки имсол конфронс дар сатҳи басо баланд ҷараён гирифт, зеро дар кори он дар баробари намояндагони 46 кишвар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ чор сарвари давлат — президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон низ иштирок намуданд.Роберт Блейк дар навбати худ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҳамсояи худро дастгирӣ намуда, барои зудтар ба эътидол овардани вазъият ва рушди иқтисодиёти Афғонистон ибтикороти гуногунро роҳандозӣ менамуд, зеро ин амал ба нафъи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин бобати дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои мавҷудаи минтақавӣ, ки мақсад аз онҳо рушди иқтисодиёти Афғонистон аст, табодули афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Март 27, 2012 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд