Равзанаи нав ба сӯи бозорҳои хориҷӣ

Март 12, 2012 15:07

Душанбе, 12 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Роҳнамои корхонаҳои содиротии Тоҷикистон дубора таҳия ва таҷдид шуда, бо забонҳои англисӣ ва русӣ дар торнамои расмӣ (www.exportdir.tj) ва дар CD дастрас аст. Нашри аввали Роҳнамои мазкур дар соли 2007 омода гардида буд ва дар таҳияи нави он теъдоди корхонаву ширкатҳо аз 78 ба 107 адад расидааст.   Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар пешгуфтори роҳнамо навиштааст, ки Тоҷикистон дорои имконот, сарватҳои табиӣ, иқтидори бузурги обиву энергетикӣ ва нерӯи корист ва ин ҳама дороӣ дар тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҳамгироии иқтисоди кишвар бо иқтисоди ҷаҳонӣ нақши муҳиме мебозад. Шариф Раҳимзода гуфтааст, ки феҳраст як навъ даъват ба ҳамкорӣ аз ҷониби Тоҷикистон буда, таҷдиди чопи он гувоҳи комёб гардидани нашри нахустини он аст. Роҳнамо ҳамчун як даъватномаи Тоҷикистон барои ҳамкориҳост, барои ҳамаи онҳоест, ки имкониятҳои нав меҷӯянд ва дар талоши роҳандозии ғояҳои наванд. Он ҳамчунин имкон медиҳад, то ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон шарики нави тиҷоратии худро пайдо намоянд. Роҳнамои корхонаҳои содиротӣ тибқи тартиби алифбо ва тартиби соҳа ё самтҳои фаъолият ва ҳам тибқи навъҳои маҳсулоти корхонаҳо мураттаб гардида, аз 273 корхонаи таҳқиқ гардида, 107 корхона шомили Роҳнамо шуданд. Профессор Азизулло Авезов, роҳбари ширкати таҳиягари Роҳнамо мавсум ба «Бизнес Консалтинг Групп» мегӯяд: корхонаҳое, ки вориди Роҳнамо гардидаанд, дар асоси дастовардҳояшон дар самти содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ ва имконоту иқтидори содиротияшон интихоб шудаанд. Мавсуф афзуд, ки корхонаҳо вобаста ба навъи истеҳсолоташон ба 11 соҳа гурӯҳбандӣ гардида, дар бораи ҳар кадоми он иттилои лозимӣ дода шудааст. Феҳристи роҳнамо инчунин иттилооти вижаеро дар бораи Тоҷикистон ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар бар мегирад. Роҳнамои корхонаҳои содиротии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ мешавад, бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария-СЕКО таҳия гардидааст. Интизор меравад, ки дар оянда Роҳнамо дар шакли китоб низ нашр хоҳад шуд.

Март 12, 2012 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд