Семинари муфид доир ба гармхонаҳо дар шаҳри Норак
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Ба наздикӣ дар шаҳри Норак бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Хатлон семинари ҷумҳуриявӣ доир ба парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои доимии хоҷагии ёрирасони НБО-и Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев, бо иштироки мутахассисони соҳаи кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.Дар кори он муовини вазири кишоварзӣ Ҷ. Саидова, раиси вилояти Хатлон Ғ.Авзалов, муовини раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳри Норак Ҳ. Абдулоев иштирок намуданд. Ҳамзамон олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба иштирокчиёни семинар перомуни парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои доимии хоҷагии ёрирасон маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 гектар гармхона , аз ҷумла 61 гектар гармхонаи доимиамалкунанда фаъолият мекунад. Соли 2012, аз ҷумла помидор 233,6 тонна, бодиринг 173 тонна, дигар сабзавот 37,3 тонна истеҳсол шуд.Вазорати кишоварзӣ ба ноҳияҳои кишвар, асосан минтақаҳои назди шаҳрҳои саноатӣ (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа,) васеъ намудани масоҳати гармхонаҳоро пешниҳод намудааст. Дар ҳолати дучанд зиёд кардани майдони гармхонаҳо мушкилоти таъмини аҳолӣ бо сабзавот дар фасли зимистон ва махсусан бо сабзавоти барвақтӣ ҳал хоҳад шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






