Суханронии хотимавии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии Конфронси RECCA-V

Март 27, 2012 14:18

СУХАНРОНИИ ХОТИМАВИИ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) (27 марти соли 2012) Мӯҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо, Хонумон ва ҷанобон, Конфронси Панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки зери шиори “Ҳамкориҳо барои таҳкими ҳамгироӣ ва рушду суботи минтақавӣ” ду рӯз идома дошт, кори худро ба анҷом мерасонад. Дар ин ҳамоиши муҳим Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби Олӣ доктор Маҳмуд Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Осиф Али Зардорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳайатҳои баландмақоми 46 кишвар, 30 созмони байналмилалӣ ва олимону муҳаққиқон, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ иштирок доштанд. Мо аз иштироки фаъоли онҳо дар кори Конфронс ва саҳми арзандаашон дар роҳи расидан ба дастовардҳои ниҳоии он изҳори қаноатмандӣ мекунем. Вазифаҳои бисёрсамтаи Конфронс дар рафти иҷлосияи умумӣ, нишастҳои гурӯҳҳои кории он, инчунин дар мулоқотҳои ғайрирасмӣ баррасӣ карда шуданд. Зимни онҳо ҳамаи хоҳишмандон имкон доштанд, ки аз таҷрибаи мусбат миёни ҳукуматҳо, созмонҳои гуногун оид ба масъалаҳои ҳамгироӣ ва рушду субот дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ибрози андеша ва табодули афкор намоянд. Ҳангоми баррасии мавзӯъҳо мо аз рафти амалисозии қарорҳои Конфронси Истамбул натиҷагирӣ намуда, муносибат ва нақшаҳои нави худро ҷиҳати татбиқи муассири равандҳои ҳамгироӣ барои ояндаи наздик тарҳрезӣ намудем. Дар доираи Конфронс бо иштироки олимони кишварҳои иштирокчӣ Симпозиуми илмӣ баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаи зарурати таҳрики минбаъдаи татбиқи равандҳои ҳамгироӣ, ки ба ташаккули шароити муносиб барои рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ равона карда шудаанд, баррасӣ ва заминагузорӣ шуданд. Дар рафти Конфронс ҳамчунин анҷумани соҳибкорони кишварҳои манфиатдор баргузор гашт. Дар он зарурати татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои ҳамгироӣ, ки ба ташаккули шароит барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ равона шудаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Шоистаи зикр аст, ки дар ҳамбастагӣ бо кори анҷумани соҳибкорон намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои минтақа баргузор шуд, ки татбиқи онҳо метавонад ҳамчун асоси устувор барои тақвият додани рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими нерӯи инсонӣ, вусъати тиҷорат, истифода ва сафарбарнамоии онҳо хизмат намояд. Натиҷаи муҳими Конфроси мо қабул шудани санади ниҳоии он – Эъломияи Душанбе – 2012 мебошад. Мо итминон дорем, ки Эъломияи Душанбе ба ҳайси қадами навбатӣ дар пешбурди раванди ҳамкориҳои минтақавӣ ва барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва рушди минтақа саҳми худро гузошта, метавонад ҳамчун заминаи устувор барои ҳамкории дарозмуддат ва шарикӣ, рушди робитаҳои мутақобилан судманди тиҷоратӣ-иқтисодии кишварҳои ҳавасманд хизмат намояд. Умедворем, ки дар ин марҳилаи барои Афғонистон сарнавиштсоз Эъломияи Душанбе аз ҷониби ҳамёрони ин кишвар – давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавии манфиатдор дастгирии ҳамаҷониба ёфта, ҷиҳати анҷоми муваффақонаи мақсадҳои муайяншуда ба ҳайси роҳнамо хизмат хоҳад кард. Дӯстони азиз, Иштироки фаъолонаи шумо дар чорабиниҳои баргузоршуда аз ҳавасмандии бемайлони ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҷалб намудани Афғонистон ба ҳамгироии минтақавӣ шаҳодат медиҳад. Тоҷикистон ҷиҳати минбаъд ҳам тавсеа додани ҳамкориҳо бо кишварҳову созмонҳое, ки ба хотири комёб шудан ба мақсади муштарак – Афғонистони осоиштаву босубот ва рӯ ба инкишоф дар минтақаи гул-гулшукуфони Осиё, ба ин раванд шомил ҳастанд, омодагии худро иброз медорад. Кори Конфронсро беш аз 300 хабарнигор аз расонаҳои хабарии гуногуни олам инъикос карданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дошт, ки аз ҷараён ва натиҷаҳои он иттилоъ дошта бошад. Ман ба ҳамаи Шумо — намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ барои дастгирии ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳри Душанбе барпо намудани Конфронс ва иштироки фаъолона дар омодасозӣ ва баргузории он, миннатдории бепоёни худро баён месозам. Дар охир, иҷозат фармоед то аз номи иштирокчиёни Конфронс ба мардум ва ҳукумати Афғонистон дастгирии ҳаматарафаи ҷомеаи байналмилалиро ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ин кишвар изҳор намоям. Аз ҳусни таваҷҷӯҳатон сипосгузорам. Бо умеди вохӯриҳои оянда. Бароятон роҳи сафед орзу дорам.

Март 27, 2012 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад