Таҷлили пуршукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавассути алоқаи «ДАМА» ба сокинони деҳоти дурдасттарини ноҳияи Ванҷ муяссар шуд, ки тамоми барномаҳои Наврӯзи ҷаҳониро аз тариқи телевизиони Тоҷикистон тамошо намоянд. Ин ба шарофати истиқлолияти кишвар аст, ки дар масофаи 400 км дуртар аз пойтахти кишвар аҳолии ҷамоати деҳоти Рованди ноҳия аз тамоми навигариҳои дохилу хориҷи кишвар тавассути шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Чаҳоннамо», «Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон» бархурдоранд,- иброз дошт раиси ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ Рустам Ёдгоров ба мухбири АМИТ «Ховар».Аҳолии деҳоти минтақаи Ванҷи боло тамоми барномаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла иштироки намояндагони 40 давлату 35 ширкати хориҷиро аз тариқи барномаҳои телевизион ба хубӣ тамошо намуданд. Мардум нисбат ба ҷараёни баргузории Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон- RECCA V ва суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш мароқи калон зоҳир намуданд.- Ба ибораи дигар, мо наврӯзи ҷаҳониро соли ҷорӣ бо иштироки сокинони пойтахт дар намоишҳои телевизионӣ якҷо ид кардем,- афзуд Р. Ёдгоров.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






