Табрикномаи Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони конфронси RECCА — V

Март 27, 2012 10:36

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки дар Тоҷикистон идома дорад, табрикнома ирсол намуд. Пан Ги Мун зикр намуд, ки ҳамкории иқтисодӣ роҳи сӯӣ ояндаи бехатарии мардуми Афғонистон аст. Роҳбари СММ зикр намуд, ки Конфронси иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон аз соли 2005 сурат мегирад. Ӯ хотирнишон сохт, ки дар конфронси якум намояндагони 11 кишвар иштирок доштанд, вале ҳоло дар он вакилони 80 давлат, ҳамчунин намояндагони созмонҳои минтақавии байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доранд.Муншии умумии СММ дар табрикномааш иштирокдорони конфронсро хотирнишон сохт, ки имрӯз дар Афғонистон баробари Намояндагии СММ боз 28 муассиса ва бунёду барномаҳои ин созмон фаъолият доранд.

Март 27, 2012 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд