Тоҷикистон дар намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ иштирок мекунад
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО – 2012, ки аз 12 май то 12 августи соли равон дар шаҳри Ёсуи Куриё идома меёбад, Тоҷикистон Павилони миллии худро доир мекунад. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз иштироки Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ иборат аз табодули таҷриба ва ғояҳои пешқадам, мулоқот бо ходимони намоёни сиёсии хориҷӣ ва аҳли тиҷорат мебошад.Ба ифтихори Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ барномаи фарҳангӣ бо иштироки дастаҳои ҳофизону мутрибон манзури иштирокдорони он мегардад. Дар ин намоишгоҳ 100 кишвари ҷаҳон иштирок мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






